Президент ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ ҳамдардӣ изҳор кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов, раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов, раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардидааст, ки барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқӣ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад.

Хотиррасон мешавад, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шуда, мутаассифона, тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 кас дар ноҳияи Рашт талаф ёфтаанд.

Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд. Ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дода шуд, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.

Гуфта мешавад, ҳоло бо супориши Президенти мамлакат дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, барои аҳолии осебдида кумаки зарурӣ расонда мешаванд. Ба онҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос ва дигар ашёи лозима дастрас мегардад. Ҳамчунин ба хонаводаҳое, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва барои сохтмони хонаҳояшон ба онҳо ҳамаҷониба кумак расонда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.