Боздошти шаҳрванди хориҷии 3 млн. сомонӣ пора пешниҳодкарда ба корманди Агентии зиддифасод

Шаҳрванди Чин Ин Сюан-дэ, директори ҶДММ «Сад дарё», ки ба корманди Агентии зиддифасоди Тоҷикистон 3 млн. сомонӣ пора пешниҳод намуд, боздошт шуд. Сухангӯи Агентии зиддифасод Олим Забирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни санҷиши фаъолияти ширкат дар давраи аз соли 2011 то нимсолаи аввали соли 2015 далелҳои сершумори изофанависӣ, дуздии воситаҳои пулӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Шаҳрванди Чин Ин Сюан-дэ, директори ҶДММ «Сад дарё», ки ба корманди Агентии зиддифасоди Тоҷикистон 3 млн. сомонӣ пора пешниҳод намуд, боздошт шуд.

Сухангӯи Агентии зиддифасод Олим Забирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни санҷиши фаъолияти ширкат дар давраи аз соли 2011 то нимсолаи аввали соли 2015 далелҳои сершумори изофанависӣ, дуздии воситаҳои пулӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва дигар ҷиноятҳои молиявӣ ошкор шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аввали моҳи июли соли 2015 роҳбари корхонаи «Сад дарё» ҳамроҳ бо тарҷумони худ Улуғбек Аҳроров барои рӯйпӯш сохтани ин ҷиноятҳои иқтисодии содиршуда ба корманди Агентӣ ба сифати пора 3 млн. сомонӣ маблағ пешниҳод карда, рӯзи 16 июл директори корхона ва тарҷумони ӯ ҳангоми додани пора дастгир шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати директори корхона мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 320 (Пора додан ё кӯшиши порадиҳӣ ба шахси мансабдор) -и КҶ ҶТ ва тарҷумон барои огоҳ накардан парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.