Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад.
Тавре аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, дар иҷлосия баррасии қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ», «Дар бораи судҳои ҶТ» дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва ба қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ» низ баррасӣ мешаванд.



