Сафари расмии Сироҷиддин Аслов ба Чин



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов cафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои сафари дарпешистодаи расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Чин дар арсаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное