Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз  соати 10-00; – Дар бинои Донишкадаи санъати Тоҷикистон нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали ин муассисаи таълимӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – Дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти […]

ASIA-Plus



Анонс

– КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз  соати 10-00;

– Дар бинои Донишкадаи санъати Тоҷикистон нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали ин муассисаи таълимӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 15-00.




Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 14-00;



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2602

сомонӣ;


1

евро –

6.7948

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1170

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1983 —

Дар пойгоҳи антарктикии «Восток» ҳарорати пасттарин дар сайёра – 89,2 дараҷа сардӣ ба қайд гирифта шуд.


1994

– Қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» қабул шуд.


2011

— Палатаи болоии парлумон қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуд.


2012

— Дар шарқи Тоҷикистон сардори Раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майор Абдулло Назаров кушта шуд.


1932-1996

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.


1934

– Мавлуди коргардони кино Анвар Тӯраев.


1963

– Зодрӯзи нависанда Сиёвуш.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +18+23.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.