Кормандони «ТАЛКО» зидди ифротгароии динӣ садо баланд карданд

Имрӯз дар майдони назди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо ташаббуси кумитаи иттифоқҳои касаба ва шӯрои мутахассисони ҷавони корхона гирдиҳамойӣ доир гардида, дар он кормандони корхона зидди ифротгароии динӣ ва терроризм садо баланд карданд. Зимни суханронӣ ва ибрози андешаҳо оид ба ин масъала кормандони фаъоли ширкат аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва ифротгароӣ дар […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар майдони назди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо ташаббуси кумитаи иттифоқҳои касаба ва шӯрои мутахассисони ҷавони корхона гирдиҳамойӣ доир гардида, дар он кормандони корхона зидди ифротгароии динӣ ва терроризм садо баланд карданд.

Зимни суханронӣ ва ибрози андешаҳо оид ба ин масъала кормандони фаъоли ширкат аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони ислом, пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла Давлати исломӣ нигаронӣ изҳор намуданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон миёни ҷавононе, ки бевосита дар амалиёти низомии Сурияву Ироқ меҷанганд, намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи ҳамсояи Шаҳринав низ ҳузур доранд.

Дар ин чорабинӣ муроҷиатнома ба ҷавонони минтақа қироат карда шуд, ки дар он ба ҷавонон аз моҳияти амалҳои зиддибашарии гурӯҳҳои ифротгаро огаҳӣ дода шуда, онҳо ба эҳтиёткорӣ зимни тасмимгирӣ даъват карда мешаванд.

Иштирокдорони ҷамъомад пуштибонии худ аз сиёсати давлатро изҳор доштанд, ки алайҳи паҳншавии ақидаву ғояҳои ифротгароии динӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.