ФБД 28 млн. сомонӣ қарзҳои «Тоҷик Эйр»-ро бахшид

Дар доираи қарори ҳукумат Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 60% тахфиф ба ҳамаи хизматгузориҳояшро пешниҳод намуд. Муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» Икромҷон Мавлонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ташаббус дар доираи муттаҳидшавии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва табдили он ба […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар доираи қарори ҳукумат Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 60% тахфиф ба ҳамаи хизматгузориҳояшро пешниҳод намуд.

Муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» Икромҷон Мавлонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ташаббус дар доираи муттаҳидшавии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва табдили он ба ШСХК «Ширкати авиатсионии Тоҷикистон» сурат гирифтаааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов, мувофиқи қарори ҳукумат, ФБД қарзҳои «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми 28 млн. сомониро бахшида, айни замон ширкати ҳавопаймоӣ назди фурудгоҳ 65 млн. сомонӣ қарздор аст. «Сарфи назар аз муттаҳидшавии сохторҳо, суратҳисобҳои онҳо гуногун боқӣ мемонанд», – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории фурудгоҳ аз ҷониби «Тоҷик Эйр» беҳтар шудааст. «Масалан, агар солҳои пешин ҳаҷми яксолаи пардохтпулиҳо 3 млн. сомониро ташкил медод, пас айни замон ин нишондиҳанда 12 млн. сомониро ташкил медиҳад», – афзуд Иброҳимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.