Таъини сардори нав ба Раёсати АНМН дар ВМКБ

Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ полковник Давлатзода Шералӣ сардори нави Раёсати Агентӣ дар ВМКБ таъин гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ин мансаб ӯ Муртазо Ҳайдарзодаро иваз намуд, ки дар навбати худ муовини директори АНМ таъин шудааст. Полковники хизмати назорати маводи […]

ASIA-Plus



Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ полковник Давлатзода Шералӣ сардори нави Раёсати Агентӣ дар ВМКБ таъин гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ин мансаб ӯ Муртазо Ҳайдарзодаро иваз намуд, ки дар навбати худ муовини директори АНМ таъин шудааст.

Полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Давлатзода Шералӣ соли 1967 таваллуд шудааст. Соли 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намуд.

Соли 1989 хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, дар ҷузъу томҳои оперативӣ хизмат намуд. Соли 1999 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуд. Аз соли 2000 до имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ дар ВМКБ хизмат намудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.