Таъсири буҳрон ба андозсупорандагони Тоҷикистон

Дар нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор кард, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии корхонаҳои ҷумҳурӣ, дар навбати аввал ширкатҳои машғул ба кор дар бахши сохтмон ва соҳаи истеҳсолот таъсир расонида, ба сурати умум ҳамаи касоне, ки ба хариду фурӯши мол машғул буданд, аз буҳрон осеб […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор кард, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии корхонаҳои ҷумҳурӣ, дар навбати аввал ширкатҳои машғул ба кор дар бахши сохтмон ва соҳаи истеҳсолот таъсир расонида, ба сурати умум ҳамаи касоне, ки ба хариду фурӯши мол машғул буданд, аз буҳрон осеб диданд.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, «ҳангоми коҳиши воридоти маҳсулот ҳаҷми пардохтпулиҳои андоз аз ҷониби корхонаҳое, ки ба фурӯши он дар бозори дохили кишвар машғуланд, низ кам мешавад».

«Бо вуҷуди ин, барои иҷрои қисмати даромади буҷети давлатӣ мо аз ҳамаи имконоти доштаамон истифода мекунем», – гуфт Давлатзода.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати барномаи зиддибуҳрони қабул шуда, мутобиқи он ба вазорату идораҳо ҷиҳати мусоидат ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи истеҳсолкунандагони ватанӣ дастуру супоришҳо дода шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба миқдори 2,7% барзиёд иҷро шуда, аз ҳисоби ин пардохтҳо ба буҷети давлатӣ беш аз 3,7 млрд. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 90 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.