Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар асоси барномаҳои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, бо ҷалби коршиносони байналмиллалӣ тренинги чорӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Таъмини самараноки тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ» барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар тренинги мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, кормандони воҳидҳои таъиноти махсус, қӯшунҳои дохилӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок мекунанд.
Коршиносони байналмиллалӣ: сардори политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Олмон ҷаноби Феликс Пашек ва нозири Политсияи миллии Ҷумҳурии Шветсия ҷаноби Мартин Свенссон аз таҷрибаи фаъолияти кориашон дар ин самт изҳори назар намуданд.
Дар рӯзи аввали тренинг, таҷрибаи пешқадами ин ду кишвари Аврупо вобаста ба чорабиниҳои маъмулии политсия ҳангоми намоишҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳо, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии политсия дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи матраҳшуда мавриди шиносоӣ ва омӯзиши иштирокчиён қарор дода шуд. Ҳамчунин дар байни иштирокчиёни тренинг оид ба масъалаҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.



