Ба кормандони ВКД тарзи рафтор зимни чорабиниҳои оммавӣ омӯзонида мешавад

Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар асоси барномаҳои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, бо ҷалби коршиносони байналмиллалӣ тренинги чорӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Таъмини самараноки тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ» барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар тренинги мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба […]



Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар асоси барномаҳои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, бо ҷалби коршиносони байналмиллалӣ тренинги чорӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Таъмини самараноки тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ» барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар тренинги мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, кормандони воҳидҳои таъиноти махсус, қӯшунҳои дохилӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок мекунанд.

Коршиносони байналмиллалӣ: сардори политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Олмон ҷаноби Феликс Пашек ва нозири Политсияи миллии Ҷумҳурии Шветсия ҷаноби Мартин Свенссон аз таҷрибаи фаъолияти кориашон дар ин самт изҳори назар намуданд.

Дар рӯзи аввали тренинг, таҷрибаи пешқадами ин ду кишвари Аврупо вобаста ба чорабиниҳои маъмулии политсия ҳангоми намоишҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳо, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии политсия дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи матраҳшуда мавриди шиносоӣ ва омӯзиши иштирокчиён қарор дода шуд. Ҳамчунин дар байни иштирокчиёни тренинг оид ба масъалаҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.