Президент ба таъмини аҳолии осебдида бо манзилҳо то моҳи ноябр дастур дод

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъалаи асосии маҷлис рафъи ҳолатҳои фавқулода буд, ки тайи рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рух дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои […]



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъалаи асосии маҷлис рафъи ҳолатҳои фавқулода буд, ки тайи рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рух дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 хона пурра  ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман вайрон шудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ, аз ҷумла 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт ба қайд гирифта шудааст.

Тавре зикр гардид, чунин гарм шудани ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон бори охир соли 1944 ба қайд гирифта, тайи 70 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад.

Сарвари давлат ба комиссияи давлатӣ ва ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ супориш дод, ки хонаҳои харобшуда то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд, то ашхосе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ бехона мондаанд, дар зимистон соҳиби хонаҳои нав гарданд. Ҳамзамон, хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин карда шаванд. Дастур дода шуд, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин гардонида ва тамоми иншооти зарардида дар муддатҳои кӯтоҳтарин барқарор карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки аз ҳисоби Президенти мамлакат ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оила ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайроншудаанд, 6 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оилакӯмаки яквақта расонида мешавад.

Инчунин Президенти мамлакат ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои ҷалби кумакҳои ташкилотҳо ва шахсони савобҷӯ дар Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо пули миллӣ суратҳисоби махсус кушода шавад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.