Тоҷикистон 14 чоҳи газро ба ихтиёри Қирғизистон гузошт

– Дар ҷараёни аломатгузорӣ ва таъйини марз Тоҷикистон 14 чоҳи истихроҷи газро ба ихтиёри Қирғизистон гузошт, – иттилоъ додааст ба ВАО рӯзи 21 июл муовини директори Агентиии давлатии геология ва захираҳои минералии Қирғизистон Уланбек Рисқулов. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни корҳои аломатгузорӣ ва таъйини марз бо Тоҷикистон чоҳҳои истихроҷи газ, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор […]



– Дар ҷараёни аломатгузорӣ ва таъйини марз Тоҷикистон 14 чоҳи истихроҷи газро ба ихтиёри Қирғизистон гузошт, – иттилоъ додааст ба


ВАО


рӯзи 21 июл муовини директори Агентиии давлатии геология ва захираҳои минералии Қирғизистон Уланбек Рисқулов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни корҳои аломатгузорӣ ва таъйини марз бо Тоҷикистон чоҳҳои истихроҷи газ, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доштанду аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон истифода мешуданд, ба молиякияти ҳукумати Қирғизистон гузаштаанд.

«Нахуст мо гумон доштем, ин гуна чоҳҳо 8-то аст, вале чун ба маҳал омадем, маълум шуд, ки он ҷо 14-то чунин чоҳ мавҷуд аст. Ҳамаи ин чоҳҳо дар замони шӯравӣ коркард шуда, маълум гардид, ки аксари онҳо корношояманд, вале 1 чоҳ амалкунанда ва 2 чоҳи дигар ба кор омода буда, 1-тои дигараш дар ҳоли барқароршавӣ аст», – гуфтааст Рисқулов.

Муовини директори Агентӣ дар шарҳи ин маълумот изҳор доштааст, ки айни замон масъалаи ба тавозуни Фонди идоракунии амволи давлатӣ гузаронида шудани чоҳҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, минбаъд чоҳҳо ба ихтиёри ҶСК «Қирғизнафтугаз» супурда мешаванд, ки дар қаламрави гирду атрофи онҳо соҳиби иҷозатнома аст.

«Паҳлӯи онҳо чоҳҳои ҶСК «Қирғизнафтугаз» ҷойгир шуда, лӯлаи газ дар ин минтақаи наздимарзӣ ҳанӯз замони шӯрави кашида шудааст.Маҳаллаҳои аҳолинишини Мақсад ва Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд низ ба онҳо наздик аст», – афзудааст мансабдори қирғиз.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.