Анонс
–
Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии корхонаи «Тоҷикагролизинг» баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;
– Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 11-00;
– Дар нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2015 ба журналистон маълумот дода мешавад. Оғоз соати 14-00.
– Дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали ин вазорат доир мегардад. Оғоз соати 15-00;
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
6.2602
сомонӣ;
1
евро –
6.7948
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1170
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1941
– Халабонони ҳавопаймоҳои қиркунандаи шӯравӣ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои зиддиҳавоӣ нахустин ҳуҷуми шадиди беш аз 250 ҳавопаймоҳои бомбафкани фашистӣ ба Маскавро муваффақона зада гардонида, 22 ҳавопаймои душманро нобуд карданд.
1989
— Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қонун «Дар бораи забон»-ро қабул кард.
2002
– Дар Душанбе миёни ҳукумати ИМА ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки техникӣ дар таҳияи қонунгузорӣ оид ба маблағгузории хурд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
2009
— Зимни суханронӣ дар маҷлис ба муносибати қабули қонун «Дар бораи забон» Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати ҷумҳуриро пешниҳод намуд.
2010
— Дар гузаргоҳи марзии «Панҷи Поён» маҷмааи нави назорати гумрукӣ боз шуд.
1935
– Зодрӯзи рассом Рашид Абдурашидов.
1938-2010
– Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.
1939
– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пӯлодов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан фаромадани чангу ғубор дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +17+22.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, каме чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.



