Дар 6 моҳ ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон 32% кам шуд

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32% камтар аст. Нурмаҳмадзода хотиррасон […]



Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32% камтар аст.

Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки аксари ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ 40-45% коҳиш ёфтани  ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд, «аммо мо бо ин пешгӯиҳо розӣ буда наметавонем».

Мувофиқи пешгӯии БМТ, таъкид дошт Нурмаҳмадзода, сатҳи коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015 на бештар аз 27%-ро ташкил дода, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тадриҷан барқарор мешавад.

«Яке аз сабабҳои камшавии интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА поинравии қурби рубли русӣ аст ва воситаҳои пулӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия бо рубл фиристода мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 52 млрд. рубли русӣ маблағҳои пулӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 5 млрд. рубл зиёдтар мебошад.

Боз яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳуриро раиси Бонки миллӣ ба шадидтар шудани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия дар соли равон марбут медонад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.