Маҷлиси миллӣ 18 қонунро ҷонибдорӣ намуд

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум 18 қонуни ҶТ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардида буданд, ҷонибдорӣ ёфтанд. Тавре аз дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, инчунин 4 пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишин мавриди барраси қарор гирифта, дар шаҳри Ваҳдат […]



Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум 18 қонуни ҶТ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардида буданд, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Тавре аз дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, инчунин 4 пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишин мавриди барраси қарор гирифта, дар шаҳри Ваҳдат номи 12 деҳа, дар ноҳияи Файзобод номи 14 деҳа, дар ноҳияи Варзоб номи 6 деҳа ва дар ноҳияи Вахш номи 19 деҳа тағйир дода шудаанд.

Ҳамзамон масъалаҳои интихоб ва бозхонд намудани судьяҳои Суди Олии ҶТ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Инчунин намояндагони палатаи болоии парлумон дар Суди Конститутсионии ҶТ ва Шӯрои адлияи ҶТ интихоб гардиданд. Дар иҷлосия ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тағйиру илова ворид гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.