Мусоидати ИА ба риояи меъёрҳои савдои одилона дар Осиёи Марказӣ

Аз 27 то 29 июли соли 2015 дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд доир ба мавзӯи “Дар амал ҷорӣ намудани стандарти Савдои Одилона дар Осиёи Марказӣ” вохӯрӣ баргузор мегардад.   Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria […]

ASIA-Plus



Аз 27 то 29 июли соли 2015 дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд доир ба мавзӯи “Дар амал ҷорӣ намудани стандарти Савдои Одилона дар Осиёи Марказӣ” вохӯрӣ баргузор мегардад.

 

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ таввасути пешбарии ташкилотҳои содиротии миёнрав (ТСМ) ва инчунин корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи “Осиёи Марказӣ – Инвест III” маблағгузорӣ шудааст, барпо карда мешавад.

Дар ташаббуси ташкил намудани ин вохӯрӣ Лоиҳаи Минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) “Аврупои Фарох: Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ”, инчунин Барномаи Минтақавии GIZ “Мусоидат ба ҳамкории иқтисодии минтақави дар Осиёи Марказӣ” саҳм гузоштанд.

Мақсади чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкории маҳаллӣ ва минтақавӣ, гузориш ва фарох намудани фаъолият барои дар амал ҷорӣ намудани принсипҳои стандартии Савдои Одилона дар минтақаҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои корӣ байни тарафҳои ҳавасманд аст.

Дар конференсия кооперативҳои фермерӣ, муассисаҳои коркарди озуқавории КХМ, содироткунандагон, намояндаҳои тиҷоратии – ташкилотҳои миёнарав ва якчанд лоиҳаҳои гуногуни оид ба рушди тиҷорат аз минтақаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки зиёда аз 45 нафар ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.