Боздиди беш аз 147 ҳазор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон тӯли ним сол

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 147 ҳазору 265 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, ҳар кадоме аз сайёҳон зимни боздид аз Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 500 доллари ИМА маблағ харҷ […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 147 ҳазору 265 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, ҳар кадоме аз сайёҳон зимни боздид аз Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 500 доллари ИМА маблағ харҷ мекунад.

«Бо назардошти ин хароҷот, ба сурати умум метавон гуфт, ки семоҳаи дуюми соли равон 74 ҳазор нафар сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф оварда, бахши сайёҳӣ ба ҳисоби миёна ба иқтисоди кишвар зиёда аз 73 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб намуд», – гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи Абдуллозода, бештари сайёҳон ба Тоҷикистон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия, ИМА, Чин, Туркия, Арманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо меоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.