Кумаки аъзои Маҷлиси миллӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағи якмоҳае, ки  барои иҷрои  уҳдадориҳои узвияти Маҷлиси миллӣ буданашон мегиранд, инчунин маоши якмоҳаи кори асосиашонро  ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт мегузаронанд. Ин тасмим  21 июл дар фарҷоми иҷлосияи дуюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби  раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири расонидани кӯмак ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи […]

Иттилоияи расмӣ



Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағи якмоҳае, ки  барои иҷрои  уҳдадориҳои узвияти Маҷлиси миллӣ буданашон мегиранд, инчунин маоши якмоҳаи кори асосиашонро  ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт мегузаронанд.


Ин тасмим  21 июл дар фарҷоми иҷлосияи дуюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби  раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири расонидани кӯмак ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Бадахшон гирифта шуд.

Тавре аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар фарҷоми иҷлосия  Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Рањмон ва ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ аз иқдомоти неки роҳбарияти давлат кори басе муҳим ва савоб хоҳад буд.

Зикр гардид, ки бо гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво дар моҳи июл, ки ба об шудани пиряхҳо ва баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо боис гардид, дар минтақаҳои шарқи ҷумҳурӣ ҳодисаҳои табиӣ-техногенӣ ба амал омада, хисороти ҷонию молӣ ба бор овард.

Хусусан дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои 16-18- уми июл бар асари офати табиӣ 56 хона пурра хароб гардида, даҳҳо манзили дигари истиқоматӣ зарар дид. Инчунин, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи масири Хоруғ – Мурғоб ва даҳҳо иншооти дигар осеб диданд. Ҳамзамон дар ноҳияи Ванҷ бар асари омадани сел шаш нафар  ва дар ноҳияи Рашт 1 нафар ба ҳалокат расиданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.