Ҳаракати қатораҳо бо хатсайри Тирмиз – Қӯрғонтеппа барқарор мешавад?

Роҳиоҳанчиёни тоҷик ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ пешниҳод кардаанд, ки ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Тирмиз – Қӯрғонтеппа барқарор карда шавад. Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза гуфт, баррасии ин пешниҳод дар сатҳи ҳукуматҳо дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст. Ӯ таъкид […]

Пайрав Чоршанбиев



Роҳиоҳанчиёни тоҷик ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ пешниҳод кардаанд, ки ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Тирмиз – Қӯрғонтеппа барқарор карда шавад.

Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза гуфт, баррасии ин пешниҳод дар сатҳи ҳукуматҳо дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.

Ӯ таъкид дошт, ки мутобиқи протоколи қабулшуда дар ҷаласаи пешини комиссияи мазкур моҳи июн дар Тошканд, ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан ба мувофиқа расиданд.

«Бо назардошти ин банди протокол, корхонаи мо бояд дар ин самт пешниҳодҳои худро ироа кунад», – шарҳ дод ӯ ва иброз дошт, ки раҳбарияти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин масъала пеш аз ҳама ба барқарор кардани ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Тирмиз – Қӯрғонтеппа таваҷҷуҳ дорад.

Шодиев ҳамчунин зикр кард, ки ин пешниҳод ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардида, онҳо дар навбати худ бо ин пешниҳод ба ҳукумати кишвари ҳамсоя муроҷиат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки раҳбарияти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қаблан чандин маротиба бо ин пешниҳод ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат карда буд, аммо дар ин сатҳ масъала ҳаллу фасл нагардид.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин самт моҳи ноябри соли 2011 қатъ гардида, баъдан баҳори соли 2012 Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.