Офати табиӣ Рашту Ҷиргатол ва Шаҳристонро ҳам фаро гирифт

Бар асари боришоти шадиди шабонарӯзи гузашта ба ҷуз ВМКБ, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  бар асари фаромадани сел дар ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Пингуни водии Рашт маҷрои дарёи Камароб баста шуда, дар натиҷаи обхезӣ 6 […]

Меҳрангез Турсунзода



Бар асари боришоти шадиди шабонарӯзи гузашта ба ҷуз ВМКБ, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  бар асари фаромадани сел дар ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Пингуни водии Рашт маҷрои дарёи Камароб баста шуда, дар натиҷаи обхезӣ 6 манзили зист, 1 бӯстонсаро, 10 километр роҳи мошингард ва 2 осиёб қисман хароб шудааст.

Дар ҷамоати Навдии деҳаи Бедак ва Ҳалқарфи водии Рашт 50 манзил пурра ва боз 100 хонаи дигар қисман вайрон шуда, сокини 28-солаи маҳаллӣ, маъюби дараҷаи дуюм зери ярч мондааст.

Дар деҳаи Қарасойи ҷамоати Кашоти ноҳияи Ҷиргатол ярчи селоба ҳамаи заминҳои киштро шустааст.

Дар деҳаи Охтангии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар натиҷаи фаромадани ярчи селоба 200 метр роҳи мошингард шуста шуда, заминҳои кишти кишоварзон нобуд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки зиёни офати табиӣ

бештар дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид.

Бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ на кам аз 3 тан ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон

изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуда

, ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.