Боздиди нахуствазир аз деҳоти аз офат осебдидаи Рашт



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо супориши президенти мамлакат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ноҳияи Рашт боздид намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, нахуствазир бо вазъ дар маҳаллаҳои аҳолинишини аз офат осебдида аз наздик ошно гардида, ба оилаҳое, ки манзилашон пурра ё қисман хароб гардидаанд, кумаки пулии сарвари давлатро расонид.

Аз ҷумла дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқа 35 манзил пурра ва 8 хона қисман вайрон шудаанд. Сокинони деҳаҳои аз офат осебдида пурра бо маводи ғизойӣ, нерӯи барқ, алоқа ва масолеҳи сохтмон таъмин буда, бунёди манзилҳои нав аллакай оғоз шудааст.

Аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳое, ки манзилашон пурра вайрон шудааст, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаашон қисман хароб гардидааст, дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ кумаки якдафъаина расонида шуд.

spot_imgspot_img

Популярное