Боздиди нахуствазир аз деҳоти аз офат осебдидаи Рашт

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо супориши президенти мамлакат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ноҳияи Рашт боздид намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, нахуствазир бо вазъ дар маҳаллаҳои аҳолинишини аз офат осебдида аз наздик ошно гардида, ба оилаҳое, ки манзилашон пурра ё […]



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо супориши президенти мамлакат ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ноҳияи Рашт боздид намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, нахуствазир бо вазъ дар маҳаллаҳои аҳолинишини аз офат осебдида аз наздик ошно гардида, ба оилаҳое, ки манзилашон пурра ё қисман хароб гардидаанд, кумаки пулии сарвари давлатро расонид.

Аз ҷумла дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқа 35 манзил пурра ва 8 хона қисман вайрон шудаанд. Сокинони деҳаҳои аз офат осебдида пурра бо маводи ғизойӣ, нерӯи барқ, алоқа ва масолеҳи сохтмон таъмин буда, бунёди манзилҳои нав аллакай оғоз шудааст.

Аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳое, ки манзилашон пурра вайрон шудааст, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаашон қисман хароб гардидааст, дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ кумаки якдафъаина расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.