ҲХДТ ҷонибдорони худро ба кумак ба аҳолии аз офат осебдидаи ВМКБ даъват кард

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки ҳамаҷониба ба аҳолии аз обхезӣ осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кунанд. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба бахшҳо ва ҷонибдорони ҳизб дар тамоми минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки мувофиқи имкон барои […]



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки ҳамаҷониба ба аҳолии аз обхезӣ осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кунанд.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба бахшҳо ва ҷонибдорони ҳизб дар тамоми минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки мувофиқи имкон барои мардуми аз офати табиӣ осебдида хаймаҳову маводи ғизойӣ ҷамъоварӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, бахши ҳизб дар вилояти Хатлон беш аз 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъовари намуда, ба аҳолии осебдидаи ВМКБ фиристодааст.

Зимнан зикр гардид, ки бахшҳои ҳизб дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба Бадахшон хаймаҳо, маҳсулоти ғизойӣ ва дигар воситаҳои зарурати аввалия барои мардуми осебдидаро мефиристанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.