Роҳи Душанбе – Хоруғ тариқи Кӯлоб баста боқӣ мемонад

Роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ тавассути Кӯлоб баста боқӣ мемонад. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки селобаи рӯзи 24 июл ба фаромадани сангпораҳои бузург аз ҷониби Афғонистон боис гардида, маҷрои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвозро бастааст ва оби дарё аз сатҳи муқаррарӣ 5 метр баланд шудааст. […]



Роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ тавассути Кӯлоб баста боқӣ мемонад.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки селобаи рӯзи 24 июл ба фаромадани сангпораҳои бузург аз ҷониби Афғонистон боис гардида, маҷрои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвозро бастааст ва оби дарё аз сатҳи муқаррарӣ 5 метр баланд шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бар асари ин офат 200 метр роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз дар қаламрави мавзеи Шурговад зери об мондааст. Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки роҳи оби ҷамъшуда каме боз гардида, сатҳи об аллакай 2 метр поин рафтааст ва барои комилан рафъ кардани хатар, аз ҷумла ба воситаи таркиш аз маҷрои дарё берун бурдани сангҳои бузург чораҷӯӣ мешавад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки айни замон ҳаракати нақлиёт бо роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ тавассути роҳи алтернатвии Рашт – Тавилдара ва ағбаи Хобуробод роҳандозӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.