Дастоварди паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Judo Open Taipei 2015» дар Тайван ду медал – як тило ва як  нуқра – ба даст оварданд. Мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Judo Open Taipei 2015» дар Тайван рӯзҳои 25-26 июл баргузор шуда, дар ин мусобиқа 180 варзишгар (109 мард ва 71 […]

ASIA-Plus



Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Judo Open Taipei 2015» дар Тайван ду медал – як тило ва як  нуқра – ба даст оварданд. Мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Judo Open Taipei 2015» дар Тайван рӯзҳои 25-26 июл баргузор шуда, дар ин мусобиқа 180 варзишгар (109 мард ва 71 зан) аз 28 кишвар ширкат дошт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило баъди пирӯзӣ бар Ҷуян Ли (Кореяи Ҷанубӣ), дар даври ниманиҳоӣ Ченг-Лианг Ҳсияои тайваниро шикаст дод ва ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф гашт. Муҳаммадмурод дар қувваозмоии ҳалкунанда бар рақиби дигари тайваниаш – По Йен Ли – ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило нахуст бар Вей Чен Чанг (Тайван) пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ Хинзао Ченгро аз Чин шикаст дод ва ба финал баромад. Вале Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Миҳаэл Зганк (Словения) мағлуб гардид ва барои мақоми дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҳан-Чин Тсенг (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври дувум аз Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Баъдан Саидҷалол аз Дуке Дидир (Австрия) ноком гашт ва аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд. Дар натиҷа Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтумро касб кард.

Ба ин тартиб, ҳарсе паҳлавони тоҷик, ки барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия талош мекунанд, дар раддабандии ҷаҳонии беҳтарин дзюдочиёни олам ҳар кадом соҳиби имтиёзҳои муқарраршуда гардиданд.

Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медал – 1 тило, 1 нуқра – дар байни 28 кишвар ҷойи чаҳорумро касб кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал (5-4-11) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Словения (3-1-3) ҷойи дувум ва тими Канада (1-2-0) ҷойи севумро гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.