Вазири корҳои дохилӣ фирори фармондеҳи ОМОН-ро ба нуқси рӯҳӣ нисбат дод

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл дар робита ба фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милис (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов изҳор намуд, ки ӯ нуқси рӯҳиву равонӣ дошт. «Пас аз санҷиши равонӣ маълум шуд, ки аз нигоҳӣ рӯҳӣ ӯ солим нест. Ҳарчанд мо навори видеоии муроҷиати ӯ аз норозигиаш нисбати маҳдудиятҳо […]

Мавзуна Абуллоева



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл дар робита ба фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милис (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов изҳор намуд, ки ӯ нуқси рӯҳиву равонӣ дошт.

«Пас аз санҷиши равонӣ маълум шуд, ки аз нигоҳӣ рӯҳӣ ӯ солим нест. Ҳарчанд мо навори видеоии муроҷиати ӯ аз норозигиаш нисбати маҳдудиятҳо ба занон дар ба бар кардани ҳиҷобро дида бошем ҳам, Ҳалимов медонист, ки ба наздикӣ ӯро аз кор дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мекунанд ва тасмим гирифт, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайвандад», – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шахсони тасодуфӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ роҳ ёфтанд ва яке аз чунин шахсон Ҳалимов аст.

Раҳимзода бовар дорад, ки Г.Ҳалимов айни замон аз кори кардааш пушаймон аст ва ба ватан баргаштан мехоҳад, зеро медонад, ки ӯро чӣ интизор аст. «Овозаҳои аз ҷониби Ҳалимов ба Сурия бо худ бурдани якчанд шаҳрвандони Тоҷикистон тасдиқи худро наёфтанд», – таъкид дошт ӯ.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон 159 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия қарор дошта, ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. Аз ин шумор 150 нафар кушта ва 35 нафар ба ватан баргаштаанд.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов 

ахири моҳи апрел

 бедарак шуда, ба кор намеомад ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейбук

нахустин аксҳое нашр шуданд,

ки дар онҳо дар бораи аз пояш захм бардоштани Гулмурод Ҳалимов пас аз ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия маълумот дода шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.