Ҳодисаҳои одамрабоӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Нимсолаи аввали соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 8 ҳодисаи одамрабоӣ (нимсолаи аввали соли 2014 – ҳамагӣ 1 ҳодиса) дар кишварро ба қайд гирифтанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба соли гузашта тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамчунин ҳодисаҳои дуздӣ (42,4%), аз ҷумла дуздӣ дар манзилҳо (18,8%), қаллобӣ (17,5%) ва порагирӣ […]



Нимсолаи аввали соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 8 ҳодисаи одамрабоӣ (нимсолаи аввали соли 2014 – ҳамагӣ 1 ҳодиса) дар кишварро ба қайд гирифтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба соли гузашта тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамчунин ҳодисаҳои дуздӣ (42,4%), аз ҷумла дуздӣ дар манзилҳо (18,8%), қаллобӣ (17,5%) ва порагирӣ (4%) низ афзудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра коҳиши ҳолатҳои содир шудани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир (11,7%), хариду фурӯши одамон ( аз 22 ҳолат то ба 11 ҳолат), барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ (29%), таҷовуз ба номус ва суиқасд ба таҷовуз ба номус (27,3%), ғоратгарӣ (23,6%), роҳзанӣ (19,4%), одамкушӣ ва суиқасд ба одамкушӣ (11,3%) ва авбошӣ (6,8%) сабт шудааст.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли равон ба сурати умум дар Тоҷикистон ҳудуди 2,9 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.