Кумитаи дин ҷамъоварии маблағ аз ҳаҷравандагонро рад мекунад

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ дар робита ба сар задани баъзе сарусадоҳо ва шарҳи баъзе аз истифодабарандагони шабакаи Интернет дар мавриди ҷамъоварии маблағ аз ҳаҷравандагон барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро рад мекунад. Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда Кумита зикр мегардад, ки аз ҷониби Кумита […]



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ дар робита ба сар задани баъзе сарусадоҳо ва шарҳи баъзе аз истифодабарандагони шабакаи Интернет дар мавриди ҷамъоварии маблағ аз ҳаҷравандагон барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро рад мекунад.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда Кумита зикр мегардад, ки аз ҷониби Кумита ба шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин маврид дастуре дода нашудааст ва хабари мазкур асоси воқеъӣ надорад. 

«Инчунин, аз ҳамаи зоирини мавсими “Ҳаҷ-2015” хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати пайдо гардидани ҳар гуна суол дар ин бобат ба мақомоти ваколатдор тамос гиранд», – омадааст дар изҳороти Кумита.

Қобили зикр аст, ки имсол 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА мукаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ кардандв а шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.