Раҳимзода: Ба раиси ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад

Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», – гуфт ӯ. Ёдрас мекунем, ки Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси […]



Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки

Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ

таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, 

изҳор намуда буд

, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.

«Ман аз он ба ҳайрат омадам, ки дар остонаи ҷашн (Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, 27 июн) тариқи ВАО-и давлатӣ эълом доштанд, ки нисбати ман парвандаи ҷиноӣ омода мешавад, зеро 17 сол пеш ман гӯё амволи худро нодуруст фурӯхта будаам. Чӣ гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, вақте ин амволи ман аст? Ба ҳар ҳол, агар ба ман саволҳо медоштанд, онро метавонистем баъди ҷашн баррасӣ кунем. Гузашта аз ин, муддати ин 17 сол ман ду маротиба вакили парлумон будам ва бисёр афвҳо мавриди амал қарор гирифтанд», – гуфта буд Кабирӣ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.