Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кардааст, ки дар оянда шаҳрвандии ин кишвар ба ҳамаи шаҳрвандони Шӯравии пешин ё СССР дода хоҳад шуд. Дар ин бора Сергей Лавров — вазири корҳои хориҷаи Русия дар ҷараёни боздиди ахираш аз Тошканд 16 июл изҳори назар карда ва гуфтааст, ҳоло вазорат дар ин самт корро идома медиҳад.
Бино ба иттилои
радиои «Озодӣ»
, бори аввал дар ин бора як мақоми баландпояи Русия ошкоро изҳори назар кард ва аз муҳофизакорон дар Думаи Давлатӣ шикоят намудааст.
Сергей Лавров изҳор доштааст, ки вақте онҳо хостори додани шаҳрвандии Русия ба ҳамаи наслҳои давраи Шӯравӣ шуданд, Владимир Путин аз ин пешниҳод ҳимоят кардааст.
«Вале дар марҳилаҳои ниҳоии тасвиби санад муҳофизакорони Думаи Давлатӣ тағйирот ворид карда ва гуфтанд, шаҳрвандии Русия ба ононе дода мешавад, ки на дар қаламрави Шӯравии пешин, балки дар қаламрави Русия ба дунё омада бошанду дар кишвари дигар иқомат мекунанд», – иброз доштааст вай.
Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин илова кардааст, ки ҳоло вазорат мубориза мекунад, ки то охир ба ҳадафи худ бирасад.



