Лавров: Ба ҳамаи зодагони СССР шаҳрвандии Русияро медиҳем

Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кардааст, ки дар оянда шаҳрвандии ин кишвар ба ҳамаи шаҳрвандони Шӯравии пешин ё СССР дода хоҳад шуд. Дар ин бора Сергей Лавров — вазири корҳои хориҷаи Русия дар ҷараёни боздиди ахираш аз Тошканд 16 июл изҳори назар карда ва гуфтааст, ҳоло вазорат дар ин самт корро идома медиҳад. Бино ба […]



Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кардааст, ки дар оянда шаҳрвандии ин кишвар ба ҳамаи шаҳрвандони Шӯравии пешин ё СССР дода хоҳад шуд. Дар ин бора Сергей Лавров — вазири корҳои хориҷаи Русия дар ҷараёни боздиди ахираш аз Тошканд 16 июл изҳори назар карда ва гуфтааст, ҳоло вазорат дар ин самт корро идома медиҳад.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, бори аввал дар ин бора як мақоми баландпояи Русия ошкоро изҳори назар кард ва аз муҳофизакорон дар Думаи Давлатӣ шикоят намудааст.

Сергей Лавров изҳор доштааст, ки вақте онҳо хостори додани шаҳрвандии Русия ба ҳамаи наслҳои давраи Шӯравӣ шуданд, Владимир Путин аз ин пешниҳод ҳимоят кардааст.

«Вале дар марҳилаҳои ниҳоии тасвиби санад муҳофизакорони Думаи Давлатӣ тағйирот ворид карда ва гуфтанд, шаҳрвандии Русия ба ононе дода мешавад, ки на дар қаламрави Шӯравии пешин, балки дар қаламрави Русия ба дунё омада бошанду дар кишвари дигар иқомат мекунанд», – иброз доштааст вай.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин илова кардааст, ки ҳоло вазорат мубориза мекунад, ки то охир ба ҳадафи худ бирасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.