То охири сол осоишгоҳи «Зумрад» хусусӣ мешавад

То охири сол яке аз дармонгоҳҳои бузургтарини Тоҷикистон – осоишгоҳи «Зумрад» ба ихтиёри соҳибмулки хусусӣ дода мешавад. Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни хусусигардонии ин иншоот идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, оид ба масъалаи хусусигардонии осоишгоҳи «Зумрад» […]



То охири сол яке аз дармонгоҳҳои бузургтарини Тоҷикистон – осоишгоҳи «Зумрад» ба ихтиёри соҳибмулки хусусӣ дода мешавад.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни хусусигардонии ин иншоот идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба масъалаи хусусигардонии осоишгоҳи «Зумрад» тендери дусатҳа эълон шудааст, ки натиҷаҳояш охири сол эълон мешаванд. «Барои хусусигардонии ин иншоот беш аз 10 довталабон ариза доданд, ки миёни онҳо ҳам шахсони ватаниву ҳам хориҷӣ ҳузур доранд», – иброз дошт вай.

Муовини аввали вазир аз ифшои номи доваталабон худдорӣ варзида, қайд кард, ки «ин метавонад ба рақобати солим таъсири манфӣ расонад». «Дар ниҳояти кор довталабе интихоб хоҳад шуд, ки нархи арзанда, беҳтарин тарҳи тиҷоратӣ ва бидуни шубҳа нияти ҳарчи бештар муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро пешниҳод мекунад», – илова кард номбурда.


Осоишгоҳи «Зумрад»

дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вароруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. «Зумрад» – яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандонро солим гардонидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...