Тадбирҳои амниятӣ дар робита ба сафари президент ба Бадахшон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 28 июл бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, зимни ин сафар бо ҳузури сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳрбарадорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони чандин иншооти дигар, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ ҳусни оғоз бахшида хоҳад шуд.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ноҳияҳои аз офати табиӣ осебдидаи вилоят низ боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз наздик ошно мегардад. Ғайр аз ин, вохӯриҳои президент бо аҳолии ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ҷараёни сафари президент ба Бадахшон, нерӯҳои иловагии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ин минтақа сафарбар шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное