Суди Қӯрғонтеппа ҷинояткори маъруфи маҳаллиро ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард

Ҷинояткори маъруф дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шералӣ Саидов бо лақаби «Шерчангол»-ро, ки аз ҷониби кормандони Аентии назорати маводи нашъаовар бо як миқдор маводи мухаддир ва таппончаи Макаров боздошт шуда буд, суди шаҳр ба 9,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар дод, Ш.Саидов соли 2000 […]



Ҷинояткори маъруф дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шералӣ Саидов бо лақаби «Шерчангол»-ро, ки аз ҷониби кормандони Аентии назорати маводи нашъаовар бо як миқдор маводи мухаддир ва таппончаи Макаров боздошт шуда буд, суди шаҳр ба 9,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар дод, Ш.Саидов соли 2000 барои содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ аз ҷониби суди вилояти Хатлон ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2007 мавриди афв қарор гирифт ва сипас баъди озод шудан силоҳи оташфишон харида, зимни боздошт аз ӯ таппончаи тамғаи Макарови комилан коршоям бо як тирдон дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, зимни кофтукови шахсии ӯ дар як бастаи селлофанӣ маводи мухаддири ҳашиш низ дарёфт шуда, сипас кормандони фаврӣ барои кофтуков ба ноҳияи Бохтар раҳсипор шуданд. «Ҳангоми кофтукови дақиқи манзили боздоштшуда дар дохили бухории барқӣ боз бастае бо ҳудуди ним кило маводи мухаддири афюн дарёфт шуда буд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.