Машғулиятҳои омодагии сафарбарии низомӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ

Дар доираи иҷрои фармони дахлдори вазири мудофиа ва тибқи нақшаи Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, то охири ҳамин сол дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамаи сарбозону афсароне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ҷалб карда мешаванд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев дар ин робита иттилоъ дод, ки ба чунин […]



Дар доираи иҷрои фармони дахлдори вазири мудофиа ва тибқи нақшаи Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, то охири ҳамин сол дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҳамаи сарбозону афсароне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ҷалб карда мешаванд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев дар ин робита иттилоъ дод, ки ба чунин машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ асосан шаҳрвандони ҷинси марди синнашон аз 20 то 55-сола ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин машғулиятҳо ба сарбозону афсарони эҳтиётӣ тарзи истифода аз силоҳи сабуку вазнин ва техникаи ҳарбӣ омӯзонида шуда, ҳамчунин дигар малакаҳои ҳарбии онҳо такрор ва такмил дода хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки чунин машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ қаблан дар чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе муваффақона гузаронида шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.