Тошканд дар Душанбе иқтидори саноатиашро нишон доданист

То охири соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон доир мегардад. Тавре як манбаъ аз бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, айни замон ҷонибҳо ҷузъиёти ин масоил – санаи дақиқ ва макони баргузор намудани ин намоишгоҳро баррасӣ доранд. «Дар намоишгоҳ маҷмӯи васеи маҳсулоте, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешавад, шурӯъ […]



То охири соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре як манбаъ аз бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, айни замон ҷонибҳо ҷузъиёти ин масоил – санаи дақиқ ва макони баргузор намудани ин намоишгоҳро баррасӣ доранд.

«Дар намоишгоҳ маҷмӯи васеи маҳсулоте, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешавад, шурӯъ аз навъҳои гуногуни автомобилҳо, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти дӯзандагиву бофандагӣ ва ғизойӣ то маҳсулоти саноати кимиёву асбобу лавозимоти маишӣ ва рӯзгор ба маърази тамошо гузошта мешавад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии сеюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон

дар ин робита изҳор намуда буд

, ки ин гуфтушунидҳо дар Тошканд пурсамару умедбахш анҷом пазируфтанд.

Зимни ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намуд, ки кишвари ҳамсоя ба баррасии пешниҳодҳои корхонаҳои Тоҷикистон 

ҷиҳати роҳандозии ҳамлу нақли дуҷонибаи маҳсулот омода буда,

таҳияи феҳристи мавқеъи молҳо барои рушди содироти дуҷонибаро зарур медонад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида ба «Азия-Плюс» аз доираҳои ҳукуматӣ, ахири моҳи октябр – аввали моҳи ноябр дар Душанбе баргузор шудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.