Тадбирҳои амниятӣ дар робита ба сафари президент ба Бадахшон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 28 июл бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, зимни ин сафар бо ҳузури сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳрбарадорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони чандин иншооти дигар, […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 28 июл бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, зимни ин сафар бо ҳузури сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳрбарадорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони чандин иншооти дигар, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ ҳусни оғоз бахшида хоҳад шуд.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ноҳияҳои аз офати табиӣ осебдидаи вилоят низ боздид намуда, бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз наздик ошно мегардад. Ғайр аз ин, вохӯриҳои президент бо аҳолии ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ҷараёни сафари президент ба Бадахшон, нерӯҳои иловагии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ин минтақа сафарбар шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.