Барқи Тоҷикистон ба қирғизҳо 2,5 сент фурӯхта мешавад

Мавсими тобистони имсол ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми то 500 млн. кВт нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол доданист. Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик»  Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созишнома дар бораи содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расид. Ба гуфтаи ӯ, […]

Пайрав Чоршанбиев



Мавсими тобистони имсол ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми то 500 млн. кВт нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол доданист.

Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик»  Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созишнома дар бораи содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расид.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи созишномаи баимзорасида миёни ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар, мавсими тобистон интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат бо нархи 2,5 сент барои 1 киловатт пешбинӣ шудааст.

Аввали ҳамин моҳ Вазорати энергетикаи Қирғизистон низ

дар бораи имзои созишнома

оид ба харидории барқ аз Тоҷикистон хабар дода буд.

Қаблан муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Айбек Калиев

иттилоъ дода буд

, ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» 

дар ин робита иттилоъ дода буданд

, ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.