Авиатсияи ҳарбии Русия ба ноҳияҳои аз офати табиӣ осебдидаи Тоҷикистон беш аз 4 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод.
Бино ба
иттилои
хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия, чархболҳои ҳарбии боркаши ин ҳавза ба маҳалҳои офати табиӣ дар ВМКБ беш аз 4 тонна кумаки башурдӯстона, ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ ва дигар техникаҳоро расонидаанд.
Гуфта мешавад, интиқоли кумаки башардӯстона ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Қалъаи Хумб ва Хоруғ аз фурудгоҳи Ҳисор тариқи чархболҳои ҳарбии боркаши Ми-8 пойгоҳи авиатсионии Толмачево идома дорад.



