Сафари Э.Раҳмон ба ВМКБ аз ифтитоҳи пул дар Ванҷ оғоз шуд

Сафари кории президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи имрӯз бо ифтитоҳи пули нав дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Ин пули мошингузар дар мудати камтар аз як сол аз ҷониби мутахассисони Чин бунёд гардида, иқтидори борбардориаш 100 тонна, дарозиаш 145 метр ва бараш 10,5 […]



Сафари кории президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи имрӯз бо ифтитоҳи пули нав дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.

Ин пули мошингузар дар мудати камтар аз як сол аз ҷониби мутахассисони Чин бунёд гардида, иқтидори борбардориаш 100 тонна, дарозиаш 145 метр ва бараш 10,5 метр аст. Ба сохтмони пули мазкур бар асоси созишнома бо Вазорати нақлиёти Чин 4 млн. 306 ҳазор доллари ИМА маблағ масраф шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи пули нав президенти мамлакат ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастур дод, ки ҷиҳати ифтитоҳ кардани роҳҳои басташуда бар асари офатҳои табиӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дар бораи натиҷаҳои он маълумот дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастуру супориш дод, ки ба корҳои таҳияву омодасозии лоиҳаҳои сохтмони пулҳои нав дар вилоят суръат бахшанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.