Баррасии стратегияи нави шарикии БОР бо Тоҷикистон

Бонки осиёгии рушд (БОР) Стратегиия нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро таҳия мекунад. Аз намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар доираи таҳияи ин стратегия имрӯз, 28 июл дар Душанбе семинари дуюми машваратӣ гузаронида мешавад. «Дар кори семинар намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон оид рушд ширкат варзида, дар он […]



Бонки осиёгии рушд (БОР) Стратегиия нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро таҳия мекунад.

Аз намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар доираи таҳияи ин стратегия имрӯз, 28 июл дар Душанбе семинари дуюми машваратӣ гузаронида мешавад.

«Дар кори семинар намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон оид рушд ширкат варзида, дар он масъалҳои марбут ба ҳамкории минбаъдаи бонк бо Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – гуфт манюаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ба кори семинари машваратӣ намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си. Си. Ю ва вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода ҳусни оғоз мебахшанд.

Ёдрас мекунем, ки

ахири моҳи майи соли ҷорӣ

зимни мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо намояндагони БОР вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда буданд.

Қобили зикр аст, ки БОР яке аз ниҳодҳои бузурги молии мадарасон ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки давоми 15 сол ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1,3 млрд. доллари ИМА кумаки молӣ расонидааст. Ин воситаҳо ба Тоҷикистон асосан ба сифати бурс ва кумаки техникӣ пешниҳод шудаанд.

Аз соли 2008 Бонки осиёгии рушд танҳо бар асоси бебозгашт ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.

Қаблан раҳбарияти намояндагии БОР дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз соли 2015 имкони барқарор кардани ба Тоҷикистон пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок вуҷуд дорад. «Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки шурӯъ аз соли 2015 ба Тоҷикистон воситаҳои бурсӣ ва қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми баробар ҷудо карда шавад», – хабар дода буд ба журналистон намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.