Сокинони Файзобод қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро дархост карданд

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» рӯзи 27 июл дар торнамои худ муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Файзободро интишор намуд, ки дар он ҳамдиёрони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарияти ҳизб дархост мекунанд, ки ҳарчи зудтар фаъолияти он қатъ карда шавад. Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат қувваҳое низ амал менамоянд, ки ба ваҳдату ягонагии […]



Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» рӯзи 27 июл дар торнамои худ

муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Файзободро

интишор намуд, ки дар он ҳамдиёрони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарияти ҳизб дархост мекунанд, ки ҳарчи зудтар фаъолияти он қатъ карда шавад.

Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат қувваҳое низ амал менамоянд, ки ба ваҳдату ягонагии миллат халал ворид намуда, фарзандони як оила, сокинони як маҳалро ба ҳизбу гурӯҳҳои гуногун талқин менамоянд ва дар ниҳояти кор монеи пешрафту субботу оромӣ мегарданд.

Сокинони Файзобод дар муроҷиати худ таъкид месозанд, ки 99 дарсади сокинони ҷумҳурӣ мусулмонанд ва аксарияти кулл  шомили як мазҳаб – мазҳаби ҳанафӣ буда, миёни ҳам ихтилофе надоранд ва аз гузаштагон дар давоми беш аз 1100 сол медонем, ки дар ислом ягон ҳизбе вуҷуд надошт ва мусалмононро мутаҳид намекард.

«Ҳизби наҳзати ислом дар солҳои мавҷудияти худ дар ҷумҳурӣ ягон амали неке, ки боиси пешравӣ ва шукуфоии кишвар гардида бошад, содир накардааст. Баръакс он боиси ба гурӯҳу табақаҳо тақсим намудани намояндагони як дину мазҳаб гардида, роҳбарони ҳизб ҳамеша ба бечоранолию паст задании обрӯву эътибори давлату миллат машғуланд. Раиси ҳизби номбурда Муҳиддин Кабирӣ зодаи диёр мост, аммо боре амали неки ҳизб ва роҳбаронашро дар беҳбудии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум надидаем ва эҳсос накардаем», – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар идома зикр мегардад, ки интихоботи парлумонии моҳи феврали соли равон возеҳу равшан нишон дод, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон миёни сокинони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи мо, эътибору манзалате надорад ва 99 фисади интихобкунандагон ин ҳизбро дастгирӣ намекунанд.

«Аз ин рӯ, мо бо ифодаи қарзи фарзандиву имонии худ ба Раёсати ҲНИТ муроҷиат намуда, талаб менамоем, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар, муттаҳидии сокинони он, ояндаи дурахшони фарзандонамон ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини ислом фаъолияти ҳизби хешро ҳарчӣ зудтар қатъ намоянд», – баён мегардад дар фароҷоми муроҷиатнома. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.