Тоҷикистониёни Русия ситоди кумак ба ҳамдиёрони аз офат осебдидаро таъсис доданд

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ташаббуси созмону ташкилотҳо ва соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар бобати таъсиси ситоди умумирусиягии кумак ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистонро комилан ҷонибдорӣ намуд. Ба гуфтаи намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, дар мавриди ин масъала сафири ҶТ дар Русия Имомуддин Сатторов изҳор доштааст, ки имрӯз сокинони чанде […]

Аваз Юлдошев



Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ташаббуси созмону ташкилотҳо ва соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар бобати таъсиси ситоди умумирусиягии кумак ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистонро комилан ҷонибдорӣ намуд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, дар мавриди ин масъала сафири ҶТ дар Русия Имомуддин Сатторов изҳор доштааст, ки имрӯз сокинони чанде аз ноҳияҳои кишвар, ки бар асари офати табиӣ аз ҳама чизашон маҳрум шуданд, аз ҳама бештар ба дастгирӣ ниёз доранд.

«Дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ Тоҷикистон ба кумак эҳтиёҷ дошта, дар ин робита мо ин ташаббусро ҳамаҷонба дастгирӣ мекунем ва ба ҳамоҳангсозии кори ин ситод омодаем. Диаспораи мо дар Русия яке аз сершумортаринҳост, миёни мо соҳибкорону тоҷироне ҳузур доранд, ки барои кумак ба аҳолии ниёзманд имкон доранд», – гуфтааст ӯ.

Бо пешниҳоди директори генералии корхонаи коркард ва бастубанди меваи «Исфа-групп»-и Маскав Фахриддин Қурбонов, узви Шӯрои ҷамъияти назди сафорати ҶТ дар Русия Давлатхон Азизов роҳбари ситоди умумирусиягии кумак ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистон интихоб шудааст.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Помир» Алимамад Боймамадов пешниҳод кардааст, ки нақшаи ташкили корҳои ҷамъоварии воситаҳо тариқи суратҳисобҳои бонкӣ, ки қаблан бо ин мақсад дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудаанд, таҳия гардад. Айни замон механизми ҷамъоварӣ ва ирсоли кумаки башардӯстона, аз қабили сарулибос ва ғайра таҳия мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.