Осебҳои навбатии офати табиӣ ба Бадахшон

Болоравии босуръати ҳарорат ва беҳад баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ба офатҳои табиии навбатӣ дар чанде аз ноҳияҳои ВМКБ боис шуданд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз бар асари болоравии сатҳи оби дарёи Хингоб дар қаламрави ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метр роҳи мошингард, […]

Аваз Юлдошев



Болоравии босуръати ҳарорат ва беҳад баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ба офатҳои табиии навбатӣ дар чанде аз ноҳияҳои ВМКБ боис шуданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз бар асари болоравии сатҳи оби дарёи Хингоб дар қаламрави ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метр роҳи мошингард, ки маркази кишварро бо ВМКБ тариқи ағбаи Хобуробод мепайвандад, пурра вайрон шуда, 103 метри ин роҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияи Ишкошим маҷрои селоба 15 метр роҳи мошингардро пурра хароб сохта, дар ин мавзеъ обкандаҳо бо чуқурии 3 метр ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб маҷрои селоба пулро шустааст.

Дар ноҳияи Шуғнон ҳукумати маҳаллӣ ба 83 оилаи манзилашон аз сел осебдида барои сохтмони манзил қитъаҳои замин ҷудо кардааст

Барои сокинони аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Шуғнон сохмтони 70 манзил аллакай оғоз гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.