Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон дар Душанбе

Рӯзи 27 июли соли 2015 Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистонро баргузор намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кунунӣ ва нақша-чорабиниҳои ояндаи клубҳо мавриди  муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласа 5 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27 июли соли 2015 Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистонро баргузор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кунунӣ ва нақша-чорабиниҳои ояндаи клубҳо мавриди  муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласа 5 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар рафти ҷаласа аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО ба мувофиқа расиданд, ки бахшида ба 70 – солагии Созмони ЮНЕСКО муштаракан як қатор чорабиниҳо баргузор намуда, минбаъд баҳри боз ҳам тавсеа бахшидани ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО дар ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар фарҷоми ҷаласа ба тамоми аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО гувоҳинома  супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО баъд аз ду соли таъсисёбии Созмони ЮНЕСКО оғоз гардида, аввалин клуби ЮНЕСКО 19 ноябри соли 1947 дар шаҳри Сендайи Япония таъсис ёфт. Ҳадафи асосии клубҳои ЮНЕСКО ташвиқу тарғиби ғояҳо ва арзишҳои ЮНЕСКО дар ҷаҳон, мусоидат ба тафоҳуми байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва сулҳи умумиҷаҳонӣ  ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО соли 2011 дар ҳайати 4 клуб фаъол гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.