Нашри 20-ҳазорумин шумораи «Народная газета»

Нашрияи ҳукумати «Тоҷикистон» Народная газета» дар таърихи 90 соли мавҷудияти худ пагоҳ, 29 июл шумораи 20-ҳазорумини газетаро ба нашр мерасонад. Сардабири нашрия Сироҷиддин Иззатуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки таърих ва марҳилаҳои рушди нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо забони русӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта шурӯъ мешавад. «Ҳамроҳ бо газетаҳои «Бухорои Шариф» (соли […]

Аваз Юлдошев



Нашрияи ҳукумати «Тоҷикистон» Народная газета» дар таърихи 90 соли мавҷудияти худ пагоҳ, 29 июл шумораи 20-ҳазорумини газетаро ба нашр мерасонад.

Сардабири нашрия Сироҷиддин Иззатуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки таърих ва марҳилаҳои рушди нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо забони русӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта шурӯъ мешавад.

«Ҳамроҳ бо газетаҳои «Бухорои Шариф» (соли 1012) ва «Овози тоҷик» (соли 1924) ягона нашрияи ҳукумат бо забони русӣ то ҳанӯз дар инъикоси равандҳои созандагӣ ва рушд дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад», – гуфт сардабири нашрия.

Қобили зикр аст, ки шумораи нахустини газета 7 ноябри соли 1925 ба ифтихори ҷашни солгарди инқилоби Октябр ба чоп расида, вале мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон шумора аз он боқӣ намондааст.

Нашрия тӯли солҳои гуногун бо номҳои «Советский Таджикистан» ва «Коммунист Таджикистана» ба табъ расида, бо ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба «Народная газета» табдили ном кард.

Замони шӯравӣ газета ҳамарӯза чоп мешуд, вале баъди соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти молиявӣ дучор шуда, соли 1995 ҳамагӣ 30 шумора ба чоп расида буд. Аз моҳи декабри соли 1995 то моҳи апрели соли 1996 нашрия чоп нашуд. Пас аз таваққуфи тӯлонӣ чопи газета 3 маротиба дар як моҳ ба роҳ монда шуда, аз соли 2004 як маротиба дар як ҳафта нашр мешавад.


Ҳайати кормандони идораи «Азия-Плюс» ҳамкасбони худро бо нашри ҷашнии газета самимона табрик мегӯяд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.