Интиқоли 433 ҷасад аз Русия ба Тоҷикистон давоми ним сол

Нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 433 ҷасади тоҷикистониён оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҷасад зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар Русия ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун, аз қабили куштор – 19 ҳолат, беморӣ – 232 ҳолат, ҳодисаҳои нохуш – 93 ҳолат, садамаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 433 ҷасади тоҷикистониён оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҷасад зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар Русия ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун, аз қабили куштор – 19 ҳолат, беморӣ – 232 ҳолат, ҳодисаҳои нохуш – 93 ҳолат, садамаи нақлиётӣ – 60 ҳолат, худкушӣ – 11 ҳолат ва дигар омилҳо – 18 ҳолат фавтидаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, моҳи июни соли ҷорӣ 1 млн. 543 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Тӯли 6 моҳи соли равон 638 ҳазору 934 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз ин шумор 546 ҳазору 76 нафарашон худро дар қайди муҳоҷират гузоштаанд.

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия хабар медиҳад, ки 292 ҳазору 800 шаҳрванди Тоҷикистон патенти иҷозати фаъолияти корӣ гирифта, боз 4 ҳазору 31 нафари дигар барои кор иҷозатнома дастрас кардаанд (ба сурати умум беш аз 70 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор иҷозатнома доранд).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.