Иштироки ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиа дар гузашти Ғалаба дар Пекин



Ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти низомии Ғалабаи рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмэни Пекин иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, бо ин мақсад сарбозону афсарони ин ротаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ахири моҳи август ба Чин раҳсипор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳукуматдорони Чин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расман даъват кардаанд, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок кунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Чин, чорабиниҳои асосии ҷашнӣ ба ин муносибат рӯзи 3 сентябр дар Пекин пешбинӣ шудаааст. Маҳз дар ҳамин рӯз дар Чин Рӯзи Ғалаба бар сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Дар чорабиниҳои ҷашнӣ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва дигар арбобони давлатии ин кишвар ширкат меварзанд. Дар маълумоти расмӣ ҳамчунин гуфта мешавад, Чин «сарони кишварҳои дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирокдошта, давлатҳои Осиё ва минтақаҳои дигари ҷаҳон, кормандони масъули СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба чорабиниҳои ёдбуд даъват мекунад».

spot_imgspot_img

Популярное