Қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳҳои Сангтӯда беш аз 120 млн. $-ро ташкил медиҳад

Ба нимсолаи аввали соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 тақрибан 757 млн. сомонӣ (беш аз 120 млн. $ тибқи қурби ҳозира)-ро ташкил медиҳад. Муовини раиси ширкат Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2015 қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба нимсолаи аввали соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 тақрибан 757 млн. сомонӣ (беш аз 120 млн. $ тибқи қурби ҳозира)-ро ташкил медиҳад.

Муовини раиси ширкат Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2015 қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 497 млн. сомонӣ ва назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» тақрибан 260 млн. сомонӣ қарздор

 

аст.

Ӯ қайд кард, ки тӯли 6 моҳи соли равон ширкати «Барқи Тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 87,5 млн. сомонӣ ва ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»  41,6 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт намудааст.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба аввали сол қарзи умумии ширкат назди ин ду нерӯгоҳ 127 млн. сомонӣ афзудааст, аз ҷумла ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба миқдори 57 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ.

Қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба аввали нимсолаи дуюми соли равон беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ба ҷуз нерӯгоҳҳои Сангтӯда, ширкат аз пардохти андоз (152 млн. сомонӣ) ҳам қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи корхонаву ташкилот ва аҳолӣ аз ширкати «Барқи тоҷик» низ ба зиёда аз 1,1 млрд. сомонӣ расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.